Добро пожаловать на сайт www.afew.tj - медицинский информационный портал, где Вы можете получить необходимую информацию о ВИЧ/СПИДе, вирусных гепатитах, туберкулезе, наркозависимости, инфекциях передающихся половым путем (ИППП) и кожных заболеваниях, а так же получить консультацию юриста.

По ВИЧ/СПИДу

Аввалин нишонаҳои бемории ВНМО аз кадом муҳлат сар мешавад ва чи тавр бояд худашро аз ташхис гузаронад?

Салом!

Аввалин нишонаҳои бемории ВНМО-сироят метавонанд дар моҳи аввали баъд аз сироят пайдо шаванд ва ба монанди зуком ё мононуклеози сирояти нишона дошта бошад. Ин давраро давраи шадиди бемори меноманд. Баъд аз он, солҳои дароз (8-10 сол) бемори ба давраи бенишонаги мегузарад, ки дар ин давра шахси гирифтори ВНМО ягон нишонаи бемориро надорад. Баъд аз ин давра бошад, давраи пайдошавии нишонаҳо сар мешаванд, ки ин нишонаҳо, вобаста аз сатҳи масуният ва хусусиятҳои ҳоси ҳар як организми инсон, гуногун мебошанд. Нишонаҳо гуногун мебошанд, аз ҷумла таб ва дарунравии сабабшон номаълум, ки зиёда аз 1 мох давом мекунанд, лоғарии бесабаб, бемориҳои гуногуни замбуругии пусту узвҳои инсон, авч гирифтани бемориҳои вазнин ба монанди сил, ситомегаловирус, пневмонияи пневмосисти, саркома Капоши ва ғайраҳо. Агар дар инсон яке аз нишонаҳо ва ё бемориҳои дар боло зикршуда пайдо шаванд, пас ин нишондод барои аз ташхиси ВНМО гузаштан мебошад. Барои муайян сохтани сирояти ВНМО шахс бояд таҳлили хунашро гузаронад.Чунин таҳлилхоро дар озмоишгоҳҳои маҳсус (аз ҷумла, марказҳои ВНМО-и шаҳру ноҳияхо) бо усули тести очили ва ё ТИФ (тахлили иммуноферменти) метавон гузашт.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов

 


Вернуться к списку вопросв

Вопросы и ответы

Наши эксперты

Курс валют с НБТ

19.08.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.75TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФВЗ-Таджикистан
Администрация вебсайта предлагает Вам услуги на условиях, изложенных в настоящем пользовательском Положении. Все материалы, публикуемые на вебсайте www.afew.tj носят исключительно информационный характер. Владелец и создатель вебсайта СФВЗ-Таджикистан не несет ответственности за использование материалов, доступных на данном информационном ресурсе. Рекомендации медицинских специалистов и экспертов, размещаемые на вебсайте, не являются врачебными предписаниями. Посетитель вебсайта принимает на себя все риски, связанные с использованием информации и рекомендаций экспертов. Ни при каких условиях и обстоятельствах, ответственность за последствия, которые прямо или косвенно повлекло за собой использование информации или рекомендаций, размещенных на вебсайте www.afew.tj, не может возлагаться на владельцев и создателей сайта и быть основанием для их судебного преследования. Администрация вебсайта не несет ответственности за посещение и использование Пользователем внешних ресурсов, ссылки на которые могут содержаться на нем. Материалы вебсайта используются исключительно в некоммерческих целях, в связи с чем их коммерческое применение запрещено.
Development by: UmedSharipov