Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Кӯдаки ман ВИЧ дорад ва хуштоманам иҷозат наметиа ки пеши духтур барем кӯдакро....Ман чи кор кунам?

Салом!

Доир ба солимӣ ва ҳаёти кӯдак дар навбати аввал пеш аз ҳама волидайн (падару модар)  ва ё намояндагони парасторони қонунии онҳо ҷавобгар мебошанд ва танҳо онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои нисбат ба табобати кӯдаки худ ҳуқуқ доранд.  Дар ҳодисаи мазкур шумоён вазифадор ҳастед, ки ба мутахассисон муроҷиат намоед, чунки кӯдаки Шумо ҷиддӣ гирифтори бемории  сахт мебошад, ки метавонад ба марг оварда расонад.  Эҳтимол, хушдомани  Шумо ҷиддӣ будани ҳолати ба вуқӯъ омадаро дарк намекунад, бинобар ин, ба ӯ зарур аст, ки бо мутахассисони маркази мубориза бари зидди БПНМ ҳамсӯҳбат шаванд, ҳамаи ҳолатҳои ба вуқӯъ омада ва муҳим будани нигоҳубин ва табобати ҳатмии кӯдакро фаҳмонад.

Хангоме, ки ҳалли масъалаҳои баррасишаванда имконнопазир гардад, Шумо метавонед ба Кумита доир ба ҳуқуқҳои кӯдак муроҷиат намоед, ки он метавонад дар Ҳукумати шаҳри Душанбе воқеъ бошад ва ё аз ҳуқуқшинос машварат гиред.

Бо эҳтиром,

Маҷитова Т.

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.