Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Хабарҳо

Вохӯриҳои корӣ оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти ҳуҷравӣ оиди қонунгузорӣ дар бораи маводи нашъа ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, январ - март соли 2020 16.01.2020 14:10
Маълумотнома Аз январ то марти соли 2020, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хӯҷанд ва Хоруғ, Вохӯриҳои корӣоид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти ҳуҷравӣ оиди қонунгузорӣ дар бораи маводи нашъа ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегарданд. Чорабиниҳо аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ....
Аз 17 то 20 декабри соли 2019, дар шаҳри Душанбе, тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор гардид 26.12.2019 10:20
Аз 17 то 20 декабри соли 2019, дар шаҳри Душанбе, тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ТҶҶ «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ....
Аз 17 то 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор мегардад. 19.12.2019 16:15
Маълумот Аз 17 то 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ....
Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии «Афиф» лоиҳаи нави панҷсолаи USAID ETICA барои барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад. 19.12.2019 16:04
Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии «Афиф» лоиҳаи нави панҷсолаи USAID ETICA барои барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад. Ҳадафи лоиҳа - паст кардани махдудиятҳои бемории сил дар Осиёи Марказӣ тавассути устувор намудани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар муайян ва табобати бемории сил мебошад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии ....
30 ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ш. Душанбе чорабинии иттилоотӣ, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии алайҳи бемории ВНМО, баргузор гардид 06.12.2019 11:47
30 ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ш. Душанбе чорабинии иттилоотӣ, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии алайҳи бемории ВНМО, баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни ДМТ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок карданд. Чорабинӣ аз ҷониби ТҶҶ “Афиф” ....
Рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.11.2019 16:05
Рузи 22 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣоиди “Вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бахшида ба 20 – солагии татбиқи тибби оилавӣдар мамлакат, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣзиёд аз 200 нафар намояндагони Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти тандурустӣ, ташкилотҳои таълимӣва ҷамъиятӣ, кормандони ....
20 сентябри соли 2019, дар ш. Бохтар, Вохӯрии кории ташкилотҳои шарикон, ки хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон пешкаш менамоянд, баропо гардид. 26.09.2019 08:57
20 сентябри соли 2019, дар ш. Бохтар, Вохӯрии кории ташкилотҳои шарикон, ки хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон пешкаш менамоянд, баропо гардид. Дар ҷаласа 35 намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ фаъолият мекунанд, иштирок намуданд. Вохӯрии корӣ бо дастгирии Раёсати тандурустии ....
Маълумот дар бораи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон 23.07.2019 14:21
Маълумот дар бораи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон Сафорати ИМА якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, чорабиниро, ки ба пешниҳоди дастовардҳои Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд (USAID) оид ба мубориза ....
МУШОВИРОНИ БАРОБАР МАЛАКАҲОИ ПЕШКАШ НАМУДАНИ МАШВАРАТИ ПЕШ АЗ ТАШХИСИ ВНМОРО ОМӮХТАНД 19.11.2018 14:26
Дар шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон трениги ду рӯза дар мавзӯи «Малакаҳои пешкаш намудани машварати пеш аз ташхиси ВНМО» баргузор гардид. 15-16 ноябри соли 2018 Ташкилоти Ҷумҳуриявии Ҷамъиятӣ «СФШҒ-Тоҷикистон» бо дастгирии Барномаи рушди СММ тренинги ду рӯза барои мушовирони баробари ташкилот ташкил намуд. Дар чорабинии мазкур 16 нафар мушовирони баробар, ....
«Мактаби тирамоҳӣ»-и шабақаи AFEW 25.10.2018 11:28
Бинобар ба анъанаҳои муқарраршуда, аз 23 то 25 октябри соли 2018, шабақаи AFEW бо иштироки ташкилотҳо, аъзоёни шабақа ва шарикони он аз Нидерландия, Украина, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Полша ва Венгрия «Мактаби тирамоҳӣ»-и шабақаи AFEW-ро мегузаронад. «Мактаби тирамоҳӣ» - имконияти аълои шиносоӣ бо ҳаёти ташкилотҳои шабақаи AFEW ва ....
XXII Конфронси байналхалқӣ оид ба БПНМ 2018 01.08.2018 13:24
Аз 23 то 27 июли соли 2018, дар шаҳри Амстердам, Нидерландия конфронси XXII-ми байналхалқӣ оид ба БПНМ баргузор гардид. Конфронси байналхалқӣ оид ба БПНМ 2018 калонтарин конфронсе мебошад, ки ба мушкилотҳои ҷаҳонӣ оид ба саломатӣ бахшида шуда буд. Конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Бартарафкунии монеаҳо ва бинои пулҳо» баргузор карда шуд ....
НАМОЯНДАГОНИ ШӮРОҲОИ ГУРӮҲҲОИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ САҲИЯИ ДОНИШИ ХУДРО ОИД БА БАРНОМАҲОИ ПАСТ КАРДАНИ ЗАРАР ВА ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ БАЛАНД МЕНАМОЯНД 20.07.2018 10:44
14 июли соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши серӯза дар мавзӯи “Паст кардани зарар ва дастгирии иҷтимоӣ” бо иштироки 24 намояндагони Шӯроҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд, анҷом ёфт. Дар оғози соли 2018, чор ташкилоти ҷамъятӣ ба татбиқи Стратегияи AFEW-Тоҷикистон шӯруъ ....
ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ НУҚТАИ НАВИ МАШВАРАТИ ИХТИЁРӢ ВА ТАШХИСИ ФАВРИИ ВНМО ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ КУШОДА ШУДАНД 16.07.2018 13:38
5 июл дар ш. Панҷакент ва 10 июли соли 2018 дар ш. Хоруғ маросими кушоиши нуқтаҳои нави машваратҳои ихтиёрӣ ва ташхиси фаврии ВНМО дар назди ташкилотҳои ҷамъиятии «Бузург» ва «Волонтер» баргузор гардид. Дар чорабиниҳои расмӣ 45 намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғ дар ....
ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ВНМО ДАР БАЙНИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 04.07.2018 00:41
2 июли соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СФШҒ-Тоҷикистон» ба амалигардонии нақшаи муштарак оиди гузаронидани дарсҳои кӯтоҳмуддат дар мавзӯи:«ВНМО/БПНМ ва ташкил намудани машварат ва ташхиси ихтиёрии бемории ВНМО дай байни кормандони системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз намуд. Мутобиқи нақша, ки аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ....
БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ВАСЕЪ НАМУДАНИ ФАРОГИРИИ АҲОЛӢ БО МАШВАРАТИ ТОТЕСТӢ ВА ТАШХИСИ ВНМО 06.06.2018 08:33
7-8 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи кории навбатии ташкилотҳои ҷамъиятие, ки хизматрасонии машварти тотестӣ ва ташхиси ВНМОро барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд, баргузор мегардад. Дар рӯзи аввали ҷаласа маълумот доир ба чорабиниҳои асосии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи ....

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.