Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ВАСЕЪ НАМУДАНИ ФАРОГИРИИ АҲОЛӢ БО МАШВАРАТИ ТОТЕСТӢ ВА ТАШХИСИ ВНМО

logo btg-tagline 2013                          gerb                         logoafew tajikistan-01

 

7-8 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории навбатии ташкилотҳои ҷамъиятие, ки хизматрасонии машварти тотестӣ ва ташхиси ВНМОро  барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд, баргузор гардид.

 

foto7hudjandtjДар рӯзи аввали вохӯрӣ маълумот доир ба чорабиниҳои асосии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2017-2020 ва дастовардҳо дар татбиқи нуқтаҳои машварати тотестӣ ва ташхиси ВНМО дар Тоҷикистон пешкаш карда шуд.

Иштирокчиён доир ба  дастовардҳои худ оид ба ҷорӣ намудани хизматрасонии машварати тотестӣ ва ташхиси ВНМО ва мусоидат дар оғози табобат ва пайравӣ ба ТЗР дар байни мизоҷони бо ВНМО дарёфт шуда  нақл карданд. 

foto8hudjandtjДар рӯзи дуюм машқҳои гурӯҳӣ  ва инфиродӣ барои омӯзиш ва коркарди малакаҳои амалӣ дар ташкили машварати тотестӣ ва ташхиси фаврии ВНМО гузаронида шуданд. Мутахассисони Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД кормандони ташкилотҳои ҷамъиятиро бо механизми табодули иттилоот ва идоракунии табобати мизоҷони мубталои ВНМО, ки дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои СПИД дарёфт карда шудаанд, шинос карданд.

“Ман ҳамеша бохушнудӣ дар чорабиниҳои омӯзишии AFEW-Тоҷикистон иштирок мекунам. Гарчи мо дар пешкаш намудани хизматрасониҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таҷрибаи бой дорем, эҳтимол мекунем, ки ягон кас ба мо ягон чизи нав омӯхта наметавонад, мо аллакай ҳама чизро медонем. Бо вуҷуди ин, тренингҳои AFEW-Тоҷикистон исбот мекунанд, ки дар роҳи камолот ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Ҳамеша чизе ҳаст, ки мо онро бояд биомӯзем ва барои он талош хоҳем кард, ва AFEW - Тоҷикистон дар ин ҳамеша ба мо кӯмак мерасонад” - фикри худро изҳор намуд Хуршеда Самидҷонова, иштирокчии вохӯрии корӣ.  

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «AFEW-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД» ВТҲИА ҶТ дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: тандурустӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд.

Маълумотнома: Айни замон бо дастгирии AFEW-Тоҷикистон, чор ташкилоти ҷамъиятӣ нуқтаҳои ташхиси ВНМО-ро таъсис намуда хизматрасониҳои машварати тотестӣ ва ташхиси фаврии ВНМО-ро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд пешкаш менамоянд. Ду ташкилоти ҷамъиятии дигар корҳо оид ба таъсиси нуқтаҳои ташхис ва машварати ВНМО-ро дар шаҳрҳои Хоруғ ва Панҷакентро ба анҷом расонида истодаанд. То 1 июни соли 2018, 1330 сокинони кишвар аз хизматрасонии нуқтаҳои машваарти тотестӣ ва ташхисис ВНМО истифода бурданд. Дар натиҷа, 7 ҳолатҳои нави ВНМО аз ҷониби марказҳои СПИД тасдиқ карда шуд, ва дар 9 ҳолат ҳодисаҳои ВНМО бори дигар тасдиқ карда шудаанд. 6 нафар аз 7 беморони мубталои ВНМО табобати зиддиретровирусиро оғоз намуданд. 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.10.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.84TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov