Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

XXII Конфронси байналхалқӣ оид ба БПНМ 2018

aids2018

Аз 23 то 27 июли соли 2018, дар шаҳри Амстердам, Нидерландия конфронси XXII-ми байналхалқӣ оид ба БПНМ баргузор гардид. Конфронси байналхалқӣ оид ба БПНМ 2018 калонтарин конфронсе мебошад, ки ба мушкилотҳои ҷаҳонӣ оид ба саломатӣ бахшида шуда буд.

Конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Бартарафкунии монеаҳо ва бинои пулҳо» баргузор карда шуд ва диққати иштирокчиёнро ба зарурати равишҳои ҳуқуқӣ дар ҷалби бештар ва ҳимояи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои  осебпазири аҳолии Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Африқои Шимолӣ ва Шарқи Назик, ки дар он ҷо афзоиши ноустувори эпидемияи ВНМО дида мешавад, ҷалб намуд.

Дар конфронс зиёда аз 15 ҳазор нафар иштирокчиён аз ҷумла олимон, шахсони бо ВНМО зиндагоникунанда, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолон, ширкатҳои фармасевтӣ, мутахассисони соҳаи тиб, сиёсатмадорон, раҳбарони ҷаҳонӣ ва инчунин рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «AFEW-Тоҷикистон» ҳамчунин дар Конфронс иштирок намуд ва таҷрибаи худро дар соҳаҳои пешгирии ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ, натиҷаҳои тадқиқот оид ба муайян намудани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ, аз нав ҳамгироии заноне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, онлайн машваратҳо, инчунин натиҷаҳои ҷалби намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар мониторинги хизматрасониҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд, паҳн намуд.

amsterdam1tj    amsterdam2tj

amsterdam4tj    amsterdam5tj

amsterdam3tj

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

11.12.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.76TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov