Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Кӯшишҳои муштарак дар ташкили машваратдиҳӣ ва ташхиси ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ

logounaids           logo btg-tagline 2013            logoafew tajikistan-01

 

19 декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории навбатӣ доир ба ҷамъбасти лоиҳаи «Машваратдиҳӣ ва ташхиси бемории ВНМО дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ» баргузор гардид.

f1unaidstjДар вохӯрии корӣ 18 нафар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО” ВТҲИА ҶТ, ЮНЕЙДС ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи ВНМО фаъолият менамоянд, ҳузур доштанд.   

Дар давоми вохӯрӣ натиҷаҳои лоиҳа пешкаш карда шуда, сабақҳои омӯхташуда доир ба кори ҳуҷраҳои машваратдиҳӣ ва ташхиси ВНМО, ки дар назди шаш ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис гардидаанд, муҳокима карда шуданд. Ташкилотҳои ҷамъиятии мазкур дар амалӣ гардонидани лоиҳа, ки  аз ҷониби ташкилоти ЮНЕЙДС ва Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия сармоягузорӣ карда мешавад, фаъолият менамоянд.  

f2unaidstjДар соли 2018, бо талошҳои муштараки шаш шарики лоиҳа  5146 нафар аз ташхиси ВНМО гузаштанд. Дар натиҷа 17 ҳодисаи нави ВНМО дарёфт карда шуда, 9 ҳодисаи ВНМО аз нав тасдиқ карда шудааст.

Мутахассисони МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО” таҳлили фаъолияти ҳуҷраҳои МИТ-ро гузаронида, тавсияҳо оид ба баланд бардоштани сифати кор барои муайян намудани ҳодисаҳои нави ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва чораҳо оид ба ҷалб ва нигоҳ доштани беморон дар табобати зиддиретровирусӣ пешниҳод намуданд.

Дар хотима, иштирокчиёни вохӯрии корӣ масъалаҳои устувории фаъолияти нуқтаҳои МИТ-ро муҳокима карданд ва стратегияи муштаракро доир  ба дарёфт ва ҷалби маблағгузории давлатӣ ва ғайридавлатиро барои дастгирии соҳаи машваратдиҳӣ ва ташхиси бемории ВНМО дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия намуданд. 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

27.03.2019
USDUSD9.44TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS
© 2013 - 2019 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov