Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

МУШОВИРОНИ БАРОБАР МАЛАКАҲОИ ПЕШКАШ НАМУДАНИ МАШВАРАТИ ПЕШ АЗ ТАШХИСИ ВНМОРО ОМӮХТАНД

 logo gf            logo undp 0             gerb             logoafew tajikistan-01

 

Дар шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон  трениги ду рӯза дар мавзӯи «Малакаҳои пешкаш намудани машварати пеш аз ташхиси ВНМО» баргузор гардид.    

doto1treningtj15-16 ноябри соли 2018 Ташкилоти Ҷумҳуриявии Ҷамъиятӣ «СФШҒ-Тоҷикистон» бо дастгирии Барномаи рушди СММ тренинги ду рӯза барои мушовирони баробари ташкилот ташкил намуд. Дар чорабинии мазкур 16 нафар мушовирони баробар, кормандони иҷтимоӣ, кормандони Намояндагии ТҶҶ “СФШҒ-Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон ва намояндаи маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМОи шаҳри Бохтар иштирок намуданд.   

Омӯзиш дар шакли интерактивӣ ташкил карда шуд. Дар давоми чорабинӣ кормандони иҷтимоӣ ва мушовирони баробари лоиҳа мақсаду вазифаҳои пешкаш намудани машварати пеш аз ташхиси foto2treningtjВНМОро омӯхтанд.  Иштирокчиёни омӯзиш дониши азхудкардаи худро доир ба алгоритми пешкаш намудани машварати пеш аз ташхиси ВНМО дар давоми  корҳои гурӯҳӣ дар амал татбиқ намуданд ва малакаҳои пешкаш намудани машварати пеш аз ташхисро дар давоми фаъолиятҳои таҷрибавӣ такмил доданд.   

Тренинг аз ҷониби ТҶҶ «СФШҒ – Тоҷикистон» бо мусоидати МД «Макази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза барзидди ВНМО» ВТҲИА ҶТ дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Хазинаи глобалӣ  мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа (БР СММ-Тоҷикистон) маблагузорӣ карда мешавад, ташкил карда шудааст. 

http://www.afew.tj/tg/gallery/337-chorabinihoi-talimi.html

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.12.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.64TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov