Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Маълумоти умумӣ

human_liver

Ҳепатит – номи умумии бемориҳои шадид ва музмини омехтаи (дар тамоми организм паҳншаванда)  илтиҳоби ҷигар мебошад, ки пайдоиши онҳо гуногун аст.  Сабабҳои сар задани хепатит гуногун буда, барангезандаи он бештар вирусҳое мебошанд, ки ба гурӯҳҳои  гуногун дахл доранд. Онҳо бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ ишорат карда мешаванд:  А, В, С, D, Е.  Хепатитҳо бошанд мутобиқан  ба ин барангезандаҳо  номгузорӣ мешаванд.

Ҳепатитҳои А ва Е (ҳамзамон ин хепатитҳоро "зардпарвин" ва "бемории Боткин" меноманд)-ро тартиби интиқоли начосату дахони муттаҳид мекунад. Манбаи сироят маризони ҳар кадом шаклҳои  беморӣ чунинанд: зардшави, бидуни зардшавӣ, пинхони, дар давраҳои нихони ва ибтидоӣ, ки дар наҷосати онҳо вируси хепатити А ва ё Е  падидор карда мешавад.  Беморони шакли бидуни зардшавӣ дорои аҳамияти бештари эпидемиологӣ мебошанд,  ки теъдоди онҳо аз беморони навъи зардшави  2-10 маротиба зиёдтар  мебошад. Хоричи вирус бо наҷосат аз нимаи дуюми давраи нихони оғоз ёфта, сироятшавии  баландтарин  ба рӯзҳои охирини 7-10 давраи нихонӣ ва давраи зардшавӣ ба назар мерасад. Ҳангоми зардчатоб шудани бемор, одатан вай аллакай сирояткунанда нест. Сироятшавӣ бештар тавассути оби бо ахлот сироятшуда ба амал меояд. Таъсирпазирии шахсони  ба ин беморӣ гирифтор нашуда мутлақ аст. Ба бемории хепатити А  асосан кӯдакон  ва ба  хепатити Е бошад –  калонсолон гирифтор мешаванд. 

Хепатити А  дар ҳама ҷой мушоҳида карда мешавад, ҳол он, ки хепатити Е – асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  ба назар мерасад.

Хепатитҳои В, С  ва D бо роҳи парентералӣ (тавассути хун) интиқол меёбанд. Сироятшавӣ тавассути хун, маҳсули он, нутфа, оби даҳон, тарашшӯҳи маҳбал, арақи бадан ва ашки шахсоне, ки гирифтори шаклҳои ифодаёфта ва нихонии хепатитҳои шадид ва музмин, сиррози ҷигар, шахсони мубталои HBsAg (антигени рӯии  вируси хепатити В, ё ин ки  антигени  "австралиягӣ")  ва шахсони дорои зидди- HCV (моддаҳои бегона нисбат ба вируси хепатити С), ки  70-80% онҳо дорандаи музмини вируси хепатити С мебошанд, ба амал меояд. Вирус тавассути пӯст ва пардаҳои луобии осебёфта ҳангоми гузаронидани  дохиливаридии маводи нашъадор, холкӯбӣ, амалҳои муолиҷавӣ-ташхисӣ, ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ, ҳангоми ҷароҳатҳои маишӣ (нохунороӣ, ороиши мӯйи сар дар назди сартарош бо шонаҳои тездандона, риштарошӣ бо асбобҳои риштарошии бегона ва ҳоказо) ба организм дохил мешавад.

Хамаи вирусҳои хепатит амӯдӣ, аз модар ба тифл ҳангоми ҳомиладорӣ интиқол ёфта, аммо тавассути шири модар ҳангоми ширмакӣ интиқол намеёбанд.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

10.12.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.72TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov