Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Ташхис

Ташхис дар гинекология дар якчанд марҳилаҳо мегузарад ва онҳо таҳлилу таҳқиқи махсуси гинекологӣ номида ё худ шуморида мешаванд.

Марҳилаи якум, ин муоинаи гинекологӣ аз ҷониби табиб- гинеколог бо истифода аз дастпӯшакҳои махсуси тамъизшуда дар мизкурсии махсуси гинекологӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми чунин муоина табиб ба таври айёнӣ оиди варамкунӣ, вуҷуд доштани доғсорӣ (ранговарии пӯст), сурхшавӣ, ғуддаҳои бавосирӣ ва рахна ё худ кафидаҳои  ҷатанро (миёнгоҳ) баҳогузорӣ мекунад.

Марҳилаи дуюми муоина дар гинекология, ин муоина бо истифода аз оиначаҳои гинекологии махсус иборат мебошад. Чунин оиначаҳо ба табиб имконият медиҳад, ки ӯ гузаронидани муоинаи девораҳои маҳбал ва қисмати гарданаки бачадонро таъмин намояд. Инчунин, дар ҳамин марҳилаи муоина мумкин аст амалиётҳои табобатӣ ва ташхисии муайянеро ба анҷом расонид. Ҳангоми муоина бо истифода аз оиначаҳо табиб ба обияти аз маҳбал ҷудошуда ва табаддулотҳои ғайриоддии эҳтилолии худи гарданаки бачадон  диққати худро ҷалб намояд.

Марҳилаи навбатии муоинаи гинекологӣ, ин таҳқиқи маҳбал бо истифода аз ду даст мебошад. Муоинаи мазкур аз ламскунии узвҳои таносулии дохилӣ иборат буда, бо истифода аз он шакл, ҳассосият, андоза, ҳаракатӣ, тағйирпазирӣ ва тарҳи паҳлӯии узвҳои системаи таносул дида таҳқиқ карда мешавад. Бо ин амал табаддулотҳои ғайриоддии эҳтилолӣ ошкору муайян карда мешавад.

Муоинаи рострӯдаи мустақима дар гинекология бо мақсади муайян намудан ва ташхис кардани бемориҳои системаи таносулии ҷавондухтар ва духтараконе, ки пардаи бакораташон (боқира) маҳфузбуда гузаронида мешавад.

Ҳангоми шубҳанокӣ ё худ тахмин кардан ба вуҷуд доштани омосҳо, озахҳои бадзот дар системаи таносулии занон, муоинаю таҳқиқи рострӯдаи мустақима ва маҳбалӣ гузаронида мешавад. Чунин усул маълумоти дурустару дақиқро медиҳад ва аниқу саҳеҳ аст ҳангоми ташхиси бемориҳои саратонии занон.

Дар гинекология усулҳои ташхисии  гуногуни бисёре вуҷуд дорад. Ташхисҳои  гуногуни вазоифию амалиётии тестӣ гузаронида мешавад:   санҷиши ҳарорати асосӣ (базалӣ), муоинаю таҳқиқи луоби гарданаки бачадон, таҳқиқи ҳуҷайравии моддаҳои  обиятии аз маҳбал ҷудошуда (колпоситология), биопсияи андарунпарда (эндометрия).  Барои гузоштани ташхиси дурусту дақиқ натиҷаҳои ташхиси хун вобаста ба қиёси ҳормонҳо ва натиҷаи тести ҳормонӣ барои пазиши ҳуҷайратухм ҳатмӣ истифода бурда мешавад. Дар бисёр мавридҳо таҳлили бачадону шайпурҳои он (гистеросалпингография), таҳлили озмоишии ионофарӣ (рентгенӣ), таҳқиқи ионофарии косахонаи сар, томографияи компютерӣ ва таҳқиқи ултрасадоӣ дар гинекология истифода бурда мешаванд.

Гинекология, инчунин, ҳангоми ташхиси усулҳои таҳқиқии дохилйёнӣ (эндоскопӣ) истифода бурда мешавад: муоинаи бачадон (гистероскопия) (таҳқиқи ковокии бачадон бо истифода аз системаҳои оптикӣ), муоинаи ковокии шикам (лапараскопия) (таҳқиқи рӯирости оптикии ковокии шикам) ва муоинаи андарунпарда (колпоскопия) (ташхиси бо усули ҷарроҳӣ гузаронидашуда).

Ҳангоми зарурат таҳқиқи таркибии ҳуҷайраҳо, ки аз луобҳои ҷудошудаи қисматҳои системаи таносулӣ пайдо шудааст, дар гинекология усулҳои ташхисӣ ва таҳқиқии  ҳуҷайраомӯзӣ истифода бурда мешавад. Ба ин усулҳо дохил мешаванд: таҳқиқҳои бактериологӣ ва бактериоскопӣ, ки имконият медиҳад аз луобҳои ҷудошудаи системаи таносулӣ заррамавҷудҳоро муайян намояд, ки онҳо дорои қобилияти бавуҷудоварандаи бемориҳои гуногуни узвҳои занона мебошанд. 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

10.12.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.72TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov