Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Аз меъёр зиёд қабули вояи маводи нашъа

Аз меъёр зиёд кабули вояи маводи нашъа – ин ворид шудан ба организм вояи маводи нашъаи хатарнок, ки дар натичаи он ба узвхои  хаётан мухими организм зулм мешавад ва хавфи маргро ба миён меояд. Аз меъёр зиёд кабули вояи маводи нашъа ба марказхои нафаскаши ва рагхои харакати алокаманд мебошад. Аз меъёр зиёд кабули воя ба ин марказхо баъди ворид шудани вояи зиёди маводи нашъа зулм мерасонад. Сипас  амал бо тарзи зерин ривоч  мегирад:

бехуш шудан + махкам шудани рохи нафас = пурра  манъ шудани нафас (марг)

Сабабхои аз меъёр зиёд кабули воя:

  • Омехта намудани маводи нашъа, масъалан, героинро бо дигар дипрессантхо (барбитуратхо, транквилизаторхо (реланиум), машруботи спиртдор).
  • Маводи нашъаро такроран барои зиёдтар кардани таъсири пешина, ки таъсири нашъадории у суст мешавад, кабул мекунанд.
  • Бозгаштан ба истеъмоли тазрикии  (инексиони) маводи нашъа баъди танаффуси дуру дароз.
  • «Сузанзании тиллоии». Баъзе истеъмолкунандагон дидаву  дониста бо максади худкуши вояи маводи нашъаро зиёд мекунанд ё уро бо дигар маводхо омехта мекунанд.
  • Ворид кардани маводи номаълум.
  • Зиёд кардани вояи маводи воридшуда.

 Аломатхои аз меъёр зиёди кабули воя

  • «Халондани» - хоби одам меояд, мушакхо заиф мешаванд, одам  сарашро хам карда, бо  чашмхои  пушида охиста ба замин ва ё  сари зону мешинад, рафтани оби дахан аз дахони нимкушода ба назар мерасад.
  • Кабуд шудани лаб ва нохунхо, нафаскашии суст ё набудани он, хуроккаши, набудани эътино ба равшани  дар гавхараки чашм, дард ва овози баланд, набзи суст. 

Тартиби нишон додани ёрии аввалиндарача дар вакти аз меъёр зиёди кабули воя

Асос ба эхсосот дода нашуда, бо тартиби зерин амал кардан.

  • Муайян кардан зарур аст, ки одам  хушёр аст ё не – исмашро гирифта бо овози баланд фарёд кардан  лозим аст.
  • Ба хобрави имконият надодан, чабрдидаро пучидан, ба рухсора торсаки задан.
  • Агар одам ба хуш ояд, уро танхо намондан: ба хобрави имконият надодан, бо у сухбат кардан, ба хавои тоза баровардан. Одаме, ки ба ягон чиз ахамият намедихад, дар холати бехуши мебошад.
  • Узвхои нафаскаширо санчидан: одамро ба тахтапушт монда, манахро бардошта, дахони уро кушодан зарур аст. Агар дар дахон хамирахои кайовар бошанд, онхоро бо даструмол ё бо латтаи ба ангуштпечонида тоза кардан даркор. Ин амали на онкадар дилписанд аст, лекин инро накунем, одам метавонад нафастанг шавад. Холатхое мешаванд, ки хангоми аз хуш рафтан забон фуру меравад ва роххои нафаскаширо махкам мекунад. Дар ин холат кошукро гирифта, дахони одамро кушода, бо кошук забони уро зер  мекунанд. Дар ин маврид хаво озодона ба шуш мегузарад.
  • Мавчуд будани нафаскаши ва набзро санчидан даркор: ба руи чабрдида наздик шуда гуш кардан лозим аст, хамзамон ба кафаси сина ахамият додан зарур аст (агар одам нафас кашад, он пасту баланд мешавад). Инро дар давоми 10 сония бояд кард. Набзро санчидан даркор: набзи одамеро, ки бехуш мебошад,  дар рагхои хоби гардан санчидан лозим аст.

Агар одам нафас накашад, Ёрии таъчилиро ДАРХОЛ даъват карда, нафасдихии сунъиро огоз  кардан лозим аст.

Коидахои гузаронидани  нафасдихии сунъи:

  • сарро ба кафо хам карда, манахро бардоштан лозим аст, дар акси хол хаво ба шуши чабрдида  намегузарад;
  • сурохи бинии чабрдидаро махкам карда, бо лабхои худ дахани уро пушида, охиста хаворо ба шушхо пуф кардан лодим аст;
  • дар холати  амалро дуруст ба чо овардан,  кафаси сина баланд мешавад;
  • зичии пуфкунии хаво бояд 12 маротиба дар як дакика бошад;
  • баъди як дакика аз нав нафаскаши ва набзи чабрдидаро санчидан даркор;
  • агар нафаскаши ва набзи чабрдида пайдо шаванд, уро ба холати баркароршави – якпахлу, сар дар дасти ёзондашуда, як пойро  ёзонда, дигарашро дар зону катшуда мондан лозим аст, то ки чабрдида бо хамирахои кайовар нафастанг нашавад ва охиста-охиста ба хуш ояд;
  • агар нафаскаши набошад, нафасдихии сунъиро то баркарор шудани нафаскаши ё хозир шудани ёрии таъчили давом додан зарур аст. 

Агар дар одам набз гум шавад,  махси (массаж) дилро гузаронидан зарур аст:

  • ба зону дар пахлуи чабрдида истед;
  • панчаи дасти кориро ба 1/3 кафаси сина монед. Дастонро поёнтар ба шохчаи тегмонанд мондан мумкин нест, барои он, ки шикастани устухончаи нозук  аз эхтимол дур нест. Дастонро ба тарафи кабурга мондан мумкин нест, барои он ки дар бисёр холатхо ӯ ба шикастани кабурга оварда мерасонад. Панчахои даст бояд амуди (перпендикуляри) нисбани кафаси сина чойгир бошанд;
  • панчаи дасти дуюмро ба болои дасти кори  барои фишордихии иловаги дар 45 дарача монед;
  • махсро (массажро) огоз намоед – чахиши мунтазам бо банди даст. Панчахо набояд кабургаро зер кунанд. Дастонатонро бояд дар бугуми оринч рост кард, ин ба шумо на факат кувваи даст, балки ба истифода бурдани вазни тана имконият медихад. 
  • панчахои дастонро баъди зер кардани кафаси сина набардоред, лекин зер карданро пурра бас кунед, то ки  кафаси  сина ба холати  аввалаш баргардад;
  • шумораи харакатхо хангоми махс (массаж)  бояд 80-100 маротиба дар як дакика бошанд.

Хангоми аз меъёр зиёд кабули воя бо нумуяхо (стимулятор) (нумуяхо дар асоси эфедрин, кокаин) дар чабрдида дарди сахти сар, дилзании зиёд дида мешавад, чабрдида арак мекунад, дар у вайроншавии басират ба вучуд меояд,  вохима зер мекунад, тарси наздикшавии  марг пайдо мешавад.

Азбаски  аз меъёр зиёд кабули  вояи нумуяхо (стимуляторхо)  дар одам холати вохимаро  пайдо мекунад, пеш аз хама уро ором кардан зарур аст – чои ором ёфта ба холати уфуки (горизонтали) мондан даркор. Бастани сачоки тари хунук ба сари чабрдида таъсири хуб мерасонад. Ба одам чойи  гарм додан даркор. Агар одам аз хуш равад, дархол ёрии таъчилиро даъват карда, бо он тартибе, ки дар мавриди аз меъёр зиёд   афюни гузаронида мешуд, амал кардан лозим. Дар холати аз меъёр зиёд кабули вояи нумуяхо (стимуляторхо) хавфи марг аз катъи ногахонии  фаъолияти дил  вучуд дорад. 

«Ёрии таъчили»-ро  (03) даъват кардан зарур аст

Ба он нигох накарда, ки шумо хатто агар  амали  нафасдихии сунъи ва махси (массаж) дилро донед. «Ёрии тачили»-ро хатман даъват кардан лозим аст. Ин хама танхо чорахои аввалиндарачаи кумаки то тибби мебошад, ки барои нигох доштани функсияхои хаётан мухим кумак мерасонанд. Лекин кабули аз меъёр зиёди воя метавонад вазнин бошад  ва дар  ин холат танхо духтурон метавонанд одамро аз марг начот диханд.

Истифодаи дорухои тибби

Дорухои тиббие, ки дар вакти  кабули аз меъёр зиёди воя метавонанд кумак расонанд, кордиамин ва налоксон мебошанд. Кордиаминро барои нигох доштани фаъолияти нафасгири ва дил истифода мебаранд; он мухолифи маводи нашъа намебошад, лекин ба фаъолияти дил кумак мерасонад.

Налоксонро хамчун воситаи расонидани кумаки тибби хангоми аз меъёр  зиёд  кабули вояи афюнхо истифода мебаранд. Налоксон хамчун доруе, ки асабхои хискунандаи  муайянро мухосир мекунад ва барои ба хуш овардани одам  кумак мерасонад, инчунин барои гузаронидани ташхиси аз меъёр зиёд кабули воя коркард шуда буд.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

10.12.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.72TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov