Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Таърихи таҳсис

Таърихи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумхуриявии CФШҒ-Тоҷикистон зиёда аз 14 сол пеш оғоз ёфтааст, яъне аз мохи сентябри соли 2003, замоне, ки Намояндагии ташкилоти башардӯстонаи  холландии «СПИД Фонд Восток-Запад» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (AFEW) аз қайди давлати  гузашт.

Аз он вақт ин ҷониб, AFEW дар ҳамкорӣ бо ташкилотхои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмиллалӣ, ки дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд, 18 лоиҳахои профилактики, ки ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояти, тарғиботи тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатии инсон равона гардидаанд, амалӣ намудааст.

Дар апрели соли 2013 дар базаи Намояндагии ташкилоти башардӯстонаи  холландии «СПИД Фонд Восток-Запад» Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «СФШҒ-Тоҷикситон» таъсис ёфт, ки бо таври расми дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирфта шудааст. Ин тачдид ба СФШҒ-Тоҷикистон имконият дод, ки ба «замин» наздиктаршуда, бештар ва хубтар захираҳои мавҷудбудаи модди ва зеҳниро, ҷустуҷӯ ва маблағгузориро бо максадхои эхсонкори, таҷрибаҳои муваффақиятноки исботшударо самаранок истифода барад.   




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

16.08.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.66TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov