Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Маълумоти умумӣ

Нашъаманди (калимахои юнони νάρκη /narkē/  - карахтшави, хоб ва μᾰνία /mania/ —  беакли, рагбат,  майл) – холати мунтазами одам, ки аз истеъмоли моддахои нашъовар (психоактиви) ба вучуд меояд.

Истилохи «моддахои нашъаовар» аз се кисм иборат аст: 1) тибби, 2) ичтимои, 3) хукуки. Кисмхо  бо хамдигар вобаста буда, аз нуктаи назари хукуки ухдадор менамоянд, ки мавод дар мавриди мувофикшавии хар се кисми номбаршуда нашъаовар хисобида шавад. Кисми тиббии мавод  (модда, дору) бояд ба системаи марказии асаб таъсири хос расонад (хавасмандкуни, седативи, таввахуми ва гайра), ки сабаби истеъмоли гайритиббии он шуда метавонад. Кисми ичтимои онро дар назар дорад, ки истеъмоли гайритиббии мавод  хамин хел андозаро мегирад, ки ахамияти ичтимоиро кабул  мекунад. Кисми хукуки  хар ду замимаи  дар боло зикршударо асос намуда  талаб мекунад, ки муассисахои дахлдор маводи мазкурро нашъаовар  кабул  кунанд ва ба руйхати моддахои нашаъовар дохил намоянд.

Маводхои  нашаъовар ба гуруххои зерин таксим мешаванд:

  • Бангдонаи махсули (маводи нашъа, ки аз бангдона тайёр карда мешавад).
  • Навъи  нашъа, ки аз кукнор ё  монанди он тайёр карда мешавад.
  • Навъи нашъаи хобовар-седативи.
  • Нумуяи рухи.
  • Дорухоигаллютсиногени.
  • Моддахои нашъовари амалкунандаи тезгузар. 

Зараре, ки бо истеъмоли маводи нашъаи тазрики алокаманд мебошад

Истеъмоли маводи нашъаи тазрики ба саломатии одам зарари чисмони ва рухи, инчунин зарари ичтимои-молиявии назаррас мерасонад.

Зарар ба саломатии чисмони:

  • Сирояти-ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам), БПНМ (Бемории пайдошудаи норасоии масуният).
  • Хепатит.
  • Тромбофлебит ва  аломати посттромбофлебити (бо инкишофи захми  трофикии дасту по).
  • Истеъмоли  аз меъёр зиёд (передозировка), ки одатан ба марг мерасонад.
  • Абсесхо ва флегмонхо.
  • Сепсис.
  • Карахт шудани бофтахои  нозук ( каросони (гангренаи) дасту пой).
  • Аломати абстиненти (вобастагии чисмони).
  • Авитаминоз.
  •  Бемории сил.
  • Захролудшавии (интоксикатсияи) сахт ва доими.
  • Вайроншавии аъзои хозима: гастрит, захми меъда, заифии руда, кабзияти доими (сахтшавии меъда).

Зарар ба саломатии рухи:

  • Вайроншавии мувозинаи чараёнхои рухи – рухафтодаги ва хаячонноки.
  •  Вобастагии рухи.
  • Дигаргуншавии ирода.
  • Таназзули шахсият (танг шудани доираи майлу рагбат ва чамъ гардидани онхо дар атрофии маводи нашъа)
  • Гум шудани максади хаёт.  

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.08.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.71TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov