Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Маълумоти умумӣ дар бораи ВНМО/БПНМ

HIV_ribbonВируси норасоии масунияти одамро (ВНМО) ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мекунанд.  Номи  Lentivirus  аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Чунин номгузорӣ яке аз хусусиятҳои ин гурӯҳи вирусҳоро инъикос мекунад, аз ҷумла  — суръати суст ва нобаробари инкишофёбии раванди сироятшавӣ дар макроорганизм. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО – аз ҳама вируси омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.

ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва гайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, вирус ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад. Ин ҳолат ба ҳассосияти барзиёда нисбати як силсилаи васеи сироятҳо ва бемориҳо оварда мерасонад, ки ба онҳо танҳо шахсони дорои масунияти солим муқовиматпазиранд.

Мархилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории Пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) мебошад, ки метавонад бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва ё дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст. 

ВНМО соли 1983 дар ду лабораторияи аз ҳамдигар новобаста кашф гардида шудааст:- дар Институти Пастер дар  Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтанье.
- дар Институти миллии бемории саратон дар ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло.

Натиҷаҳои таҳқиқот, ки тавассути он аз бофтаҳои беморон ҷудо кардани ретровируси нав муяссар гардид, санаи 20-уми майи соли 1983 дар маҷаллаи Science рӯйи чоп омад. Дар ин мақолаҳо дар бораи ошкор намудани вируси нав, ки ба гурӯҳи HTLV вирусҳо таалуқ дорад, иттило дода шуд. 

Тадқиқотчиён пешниҳод намуданд, ки вирусҳои аз ҷониби онҳо ҷудошуда метавонанд боиси гирифтори БПНМ гарданд. Дар соли 1986  маълум гардид, ки вирусҳои аз ҷониби муҳаққиқони фаронсавӣ ва амрикоӣ дар соли 1983 кашфнамуда комилан ба ҳам мутобиқанд. Нахустноми вирусҳо бекор карда шуда, як номи умумӣ — ВНМО пешниҳод карда шуд.  

Роҳҳои интиқол

ВНМО интиқол меёбад:  тавассути хун ва дигар моеъхои организм: нутфа, тарашшӯҳи маҳбал, сафро (мавриди алоқаҳои ҷинсии ҳифзнашудаи хелҳои гуногун, гузаронидани хуни сироятшуда, тавассути сӯзандоруҳои тамизнашуда аз модар ба навзод ҳангоми тавааллуд, ҳангоми истифодабарии асбобҳои тиббии тамизнашуда ва мавҷудияти ҷароҳат дар пардаҳои луобии пизишк ва ё бемор), шири пистон (ҳангоми ширмакконӣ).

ВНМО интиқол намеёбад:  тавассути оби даҳон ва арақи бадан; бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра: оғушгирӣ, сӯҳбат, сурлфа/атсазанӣ; тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот; тавассути ашёи маишӣ ва молҳои канселярӣ; ҳангоми ташрифи якҷоя ба ҳавзи шиноварӣ/душ/ҳаммом/ошхона, ҳангоми истифодабари аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва бахбариаз хурокхурии якҷоя. 

Дар Тоҷикистон то соли 2008 яке аз роҳҳои паҳнгардидаи интиқолёбии вирус ин сӯзандору буд, тавассути асбобу олотҳои тамизнашудаи истифодабарандагони маводҳои нашъаовар. Айни замон афзоиши интиқоли вирус бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, тавассути алоқаҳои ҳифзнашудаи шаҳватӣ мушоҳида шудааст. 

Рамзи ҳаракати глобалӣ бар зидди паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ин - Тасмаи сурх мебошад




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.10.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.84TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov