Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Пешгирӣ

Омилҳои хавф

Намудҳои рафтор ва шароитҳое, ки боиси афзоиши хавфи сирояти инсон бо ВНМО мебошанд, чунинанд:
- алоқаи ҷинсии ҳифзнашудаи вагинали ва макъади;
- мавҷудияти сирояти дигаре, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбад, ба мисли оташак, герпес, хламидиоз, сӯзок ва вагинози бактериалӣ;
- истифодаи муштарак за сӯзанҳои сироятшуда, сӯзандору ва дигар асбобҳои сӯзандору ва маҳлулҳои маводи нашъадор ҳангоми истифодаи маводҳои нашъаовар;
- cӯзандоруҳои ғайрихатарнок, хунгузаронӣ, муолиҷаҳои тиббӣ, ки буриши тамизнашуда ва ё шикофиданро дар бар мегиранд;
- ҷароҳатҳои тасодуфӣ аз сӯзанзанӣ, аз он ҷумла дар байни кормандони тандурустӣ.

 Хавфи сироятшавии ВНМО - ро бо роҳи маҳдудкунии таъсири омилҳои хавф суст кардан мумкин аст.

 

Роҳҳои асосӣ нисбати пешгирӣ кардани ВНМО, ки асосан дар якҷоягӣ истифода бурда мешаванд, чунин мебошанд:

 

1. Истифодаи рифолахои мардона ва занона

Истифодаи дуруст ва доимии рифолахои мардона ва занона ҳангоми алоқаи вагиналӣ ва макъади метавонанд аз паҳншавии сироятҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбанд, аз он ҷумла ВНМО, ҳифз намоянд. Маълумотҳои воқеӣ дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки рифолаҳои мардонаи латексӣ интиқоли ВНМО ва сироятҳои дигари тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбандаро (САҶИ) ба миқдори 85% ва зиёда аз он ҳифз мекунанд.

 

2. Санҷиш ва машварат оид ба ВНМО ва САҶИ.

Ба тамоми шахсоне, ки гирифтори таъсири ягон омили хавф мебошанд, гузаштан аз санҷиши ВНМО ва дигар сироятҳои САҶИ бо исрор тавсия дода мешавад, зеро онҳо бояд дар бораи вазъи сироятшавии худ огоҳ шуда, бояд дарҳол аз хизматҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва табобат бархурдор бошанд. Ташкилоти умумичахонии тандурусти инчунин тавсия медиҳад, ки ба гузаштани чунин санҷиш ба шарикон ва ҷуфтҳо таклиф карда шавад. 

 

3. Пешгирӣ дар асоси доруҳои зиддиретровирусӣ

3.1. Табобати зиддиретровирусӣ (ТЗР) ҳамчун пешгирӣ.

Озмоиши ба наздики гузаронидашуда тасдиқ намуд, ки ҳангоми риояи реҷаи самараноки муолиҷаи зиддиретровирусӣ аз ҷониби шахси гирифтори сирояти ВНМО, хавфи интиқоли вирус ба шарики сироятнашудаи алоқаи ҷинсии вай метавонад то 96% паст гардад. Нисбати ҷуфтҳое, ки яке аз шарикон ВНМО-мусбат ва дигараш ВНМО-манфи мебошад, Ташкилоти умумичахонии тандурусти тавсия медиҳад, ки ба шарики ВНМО-манфи новобаста аз микдори CD4-и шарики ӯ ТЗР пешниҳод карда шавад.

3.2 Пешгирии пеш аз алокави барои шарики ВНМО-манфи

Озмоишҳое, ки дар байни ҷуфтони дискордантӣ (яке ВНМО-мусбат ва дигаре ВНМО-манфи) гузаронида шуданд, нишон медиҳанд, ки дорувориҳои зиддиретровирусии аз ҷониби шарики ВНМО-манфи қабулкунанда барои пешгирӣ кардани интиқоли ВНМО аз шарики ВНМО-мусбат самарабахш мебошанд. Ин ҳамчун пешгирии пеш аз экспозитсионӣ (ПЭП) маълум мебошад.

Ташкилоти умумичахонии тандурусти ба мамлакатҳо тавсия медиҳад, ки барои ҷуфтони дискордантӣ, инчунин барои мардон ва заноне, ки тобеияти ҷинсии худро тағйир додаанд, оид ба ПЭП лоиҳаҳои намоишӣ гузаронида шаванд, то лаҳзаи қабули қароре дар оиди  истифодаи васеъи  ПЭП.

3.3 Пешгирии баъдиалокави бо ВНМО (ПБА)

Пешгирии баъдиалокави бо ВНМО (ПБА) — ин истифодаи ТЗР дар тӯли 72 соат пас аз таъсири ВНМО барои пешгирӣ кардани сироят. ПБА аксар вақт барои кормандони тандурустӣ, ки аз сӯзандору дар ҷойи кори худ осеб ёфтаанд, тавсия карда мешавад. ПБА машварат, расонидани ёрии аввали тиббӣ, санҷиш барои ВНМО ва вобаста аз дараҷаи хавф, гузаронидани табобати 28-рӯзаи зиддиретровирусӣ ва ёрии минбаъдаро дар бар мегирад. 

 

4. Барномаи паст кардани зарар барои истифодабарандагони сӯзандоруҳои нашъаовар

Шахсоне, ки аз сӯзандоруҳои нашъаовар истифода мебаранд, метавонанд бо риоя кардани чораҳои эҳтиётӣ барои пешгирӣ кардани сирояти ВНМО бо роҳи истифодаи таҷҳизоти тамизшудаи сӯзандору, аз он ҷумла сӯзандору барои ҳар як амал, асос гузоранд. Маҷмӯаи пурраи пешгирӣ ва табобати ВНМО дар бар мегирад:

- барнома оид ба тақсимоти сӯзан ва сӯзандору;
- табобати чойивазкунандаи ёрирасон ба воситаи метадон барои истифодабарандагони маводи нашъаовар ва табобати вобастаги аз дигар воситаҳои психоактивӣ дар асоси маълумоти воқеӣ;

- санҷиш ва машварат доир ба ВНМО;

- табобат ва нигоҳубин ҳангоми ВНМО;

- таъмини дастрасӣ ба рифола, пешгирии САҶИ, бемории сил ва хепатити вирусӣ.

 

5. Пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак

Сирояти ВНМО аз модари мубталои ВНМО ба кӯдаки ӯ ҳангоми ҳомиладорӣ, дарди кӯдак, таваллуд ва ё ширмакконӣ интиқоли амудии сироят, ё ин ки интиқоли сироят аз модар ба кӯдак (ИСМК) меноманд. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳеҷ як чораи дахолат, нишондиҳандаҳои сирояти ВНМО ба кӯдак дар ҳудуди 15-45% мебошанд. Чунин интиқоли сироятро тақрибан пурра пешгирӣ кардан мумкин аст, ба шарте агар модар ва кӯдак дорувориҳои зиддивирусиро дар давраҳое қабул мекунанд, ки сироятшавӣ ба амал омада метавонад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти як қатор роҳҳои пешгирии интиқоли ВНМО-ро аз модар ба кӯдак тавсия медиҳад, ки аз он ҷумла пешниҳоди ТЗР-ро ба модарон ва кӯдакон ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва давраи пас аз таваллуд, ё ин ки пешниҳоди табобати якумра барои занони ҳомилаи ВНМО-мусбат новобаста аз микдори CD4 дар бар мегирад. Усулҳои нави роҳбарикунанда оид ба масъалаи мазкур дар соли 2013 ба нашр расидааст.

 

Дар соли 2011-ум 57% тақрибан аз 1,5 миллион занони ҳомиладори гирифтори ВНМО дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна дорувориҳои самарабахши зиддиретровирусӣ барои пешгирӣ кардани интиқоли сироят ба кӯдаконашон қабул карданд, ки ин адад дар соли 2010 48%-ро ташкил дода буд.  

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.10.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.84TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov