Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Фаъол

Л О И Ҳ А Ҳ  О

1.

«Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактики, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳдоштани пахншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мақсад: Таъмин намудани дастрасӣ ба барномаҳои паст кардани зарар барои нашъамандони тазриқӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон

Вазифаҳо:

1.Коҳиш додани шумораи нави вируси ВНМО дар байни нашъамандони тазриқӣ;

2.Беҳтар намудани хизматрасонии бефосилаи сирояти ВНМО барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (ГОА) ва шахсони бо ВНМО зиндагикунада (ШВЗ);

3.Баланд бардоштани воситаҳои асосӣ барои татбиқи барномаҳо байни ГОА ва ШВЗ.

Маблағгузор: Хазинаи глобалии мубориза бар зидди СПИД, сил ва вараҷа (Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон)

Давраи  иҷроиши: Аз 1 июли с. 2010 то 30 сентябри с. 2019

 

2.

"Машвартадиҳи ва ташхиси бемории ВНМО дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ"

Мақсад: Мусоидат дар васеъ намудани фарогирии гурӯҳҳои осебпазир аҳолӣ бо ташхиси бемории ВНМО

Вазифаҳо:

1. Таъсиси ду нуқтаи нави МТИ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хоруғ;

2. Таъмин намудани дастгирии техникӣ барои воридшавии хизматрасонии МТИ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва Панҷакент.

Маблағгузор: Намояндагии UNAIDS дар Тоҷикистон

Мӯҳлати иҷро: Аз 01 июли то 25 декабри соли 2018.

 

3.

«Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқӯқҳо барои гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ -2.0»

Мақсад: Васеъ намудани дастрасии нашъамандон ба хизматрасонии сифатнок барои пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгири.

Вазифаҳо:

1.Бехтар намудани сифат ва васеъ намудани дастраси ба хизматрасониҳои пешгирии ВНМО дар байни нашъамандон;

2. Дастрас намудани хизматҳои барномаҳои паст кардани зарар;

3. Чори намудани усул ва муносибатҳои барномаҳои пешгири дар системаи умумии тандурусти;

4.Мустаҳкамкунии иктидори ташкилоҳои ҷамъиятие, ки бо гурӯҳҳои осебпазир кор мебаранд.

Сармоягузор: Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия

Давраи иҷроиши: Аз 01 январи   соли 2016   то 31 декабри соли 2020

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Курсы валют на 17 Май
USD8.50 TJS
EUR9.40 TJS
RUB0.15 TJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov