Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом! Бемории занонаи цервицит оё ин бемори табобатшаванда аст ва роҳҳои гузаришаш чи гуна мебошад?

Салом!

Сервисит (Цервицит) бемориест, ки бо илтиҳоби луобпардаи гарданаки бачадон ҳамроҳ карда мешавад. Дар аксар ҳолатҳо, ин бемори дар занони синну соли репродуктивӣ рух медиҳад. Гарданаки бачадон як намуди монеаест, ки аз сирояти вирусияи дохилӣ (бачадон ва тухмдонҳо) ҳифз мекунад. Бинобар ин, сервисит ба тамоми системаи репродуктивӣ таҳдид мекунад.

Аломатҳои асосии сервисити шадид (endocervicitis) инҳоянд:

•         хориҷоти бадбўй, фасоднок аз маҳбал;

•         дард дар поёни шикам;

•         дард ва сузок дар вақти пешобкунӣ;

•         дард ҳангоми алоқаи ҷинсӣ;

•         хориҷоти ҷигарранг байни ду давраи ҳазбини.

Ташхисро дар асоси маълумоти аз санҷиши тиббии гарданаки бачадон бо ёрии оинаҳо ва муоинаи колпоскопия мемонанд.

Бо давомнокии беморӣ ва таъсири муолиҷаи консервативӣ (дар давоми 6-8 ҳафта), табобати лазерӣ ё диатермокулятсия, криодеструксия бо нитрогени моеъ истифода бурда мешавад. Ҳангоми муайян кардани бемориҳои марбут ба замина, муолиҷаи онҳо анҷом дода мешавад.

Бо эҳтиром,

Вероника Мельникова.

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

21.10.2018
USDUSD9.43TJSTJS
EUREUR10.82TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov