Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом! Хело шуд ки дар ташвишам кудакам гирифтори бемории ВНМО мебошад мехоҳам ки уро ба боғча барам магар аз ҷиҳати ҳуқуқи ин ба ман мушкили намеорам чунки барои кабул кардан ба боғча як катор хуҷатхо лозим мешавад дар баробари ин хуҷати тиб хам магар ин ошкор намешавад ки кудакатон бемори ВНМО аст кабул накунанд?

Салом!

Ҳар як кудак пеш аз боғча рафтанаш албатта аз назди духтур мегузарад ва ба ӯ ҳуҷҷати тиббӣ дар шакли 026 дода мешавад, ки дар он ҳама номгуи бемориҳое, ки кудак гузаронидааст ё гирифтори он мебошад қайд карда шудааст. Аллбатта ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳангоми пайдо кардани маълумот оиди бемории ВНМО кудакро ба боғча қабул намекунанд, ки ин ғайри қонунӣ мебошад. Шумо ҳуқуқ доред оиди бемории кудакатон маълумот пешниҳод накунед, вале дар ҳамон ҳуҷҷати тиббӣ рақамгузорӣ ё ин, ки код қайд шудааст, ки онро танҳо духтур медонад. Ва ӯ ҳуқуқи паҳн намудани маълумот оиди бемрии каудакатон надорад.

Бо эҳтиром,

Хоҷиматова Нигина


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

10.12.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.72TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov