Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Ассалом ба ҳама. Ман ҳамчун директор дар як ташкилоти ҷамъияти кор мекунам. Мехоҳам дар доираи лоиҳа дигар ташкилоти ҷамъиятӣ кушоям. Тибқи қонун ман ҳуқуқ дорам дар як вақт дар ду ташкилоти ҷамъиятӣ директор шавам? Агар ҳа ё не бошад, илтимос дар куҷо оиди ин зикр шудааст. Пешакӣ сипос.

Ассалом. Оиди ин масъала дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъи ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар санаи 17 апрели соли 1998 таҳти №122 тасдиқ шудааст, гуфта шудааст. Мувофиқи банди 2 Қарори мазкур дар як вақт ишғол намудани ду вазифзи роҳбарикунанда (ба ғайр аз вазифаҳои устоҳо) агар қонунгузорӣ дигареро муқаррар накарда бошад, иҷозат дода намешавад. Ба вазифаҳои роҳбарикунанда вазифаҳои роҳбарони корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва шакли фаъолият, шeъбаҳо, цехҳо, бахшҳо ва ғайра, муовинони онҳо, таалуқ доранд. Дар баробари он ин маҳдудият наметавонад ягон роҳбарро аз ҳуқуқи кор кардан дар вазифаҳои оддӣ маҳрум намояд.

Яъне, шумо ҳамчун директор дар ду ташкилот дар як вақт фаъолият бурда наметавонед. Метонед дар як ташкилот ҳамчун директор ва дар дигар ташкилот ҳамчун корманди оддӣ кор кунед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.