Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Ассалом ака. Як савол доштам. Ман хона харида будам лекин хамун вакт хонара ба номи додарам оформить кардам . Хамун вакт додарам официальный зан дошт. Хозир мехом хонара ба номи худам гузаронам лекин зани додарам рози нашуда истодас. Савол барои фурухтари хона барои чи розигии зан даркор?

Ассалом. Гарчанде, ки хонаро шумо харида бошед ҳам, лекин дар назди қонун соҳиби хона додари шумо мебошад. Барои ҳамин, агар хонаро ба номи худатон кардани бошед, розигии ҳамсари додаратон лозим мебошад. Тибқи моддаи 39 Кодекси оилаи ҶТ ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.