Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаи корманди тандурустии ҷамъиятӣ

 

Afif new

 

 

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» (ТҶҶ «Афиф») ташкилотест, ки саъю кӯшиши он ба мақсади таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон бо амалисозии чорабиниҳои ҷамъиятии муфиди башардӯстона, иҷтимоӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ равона гардидаанд.

 

ТҶҶ «Афиф» барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаи корманди тандурустии ҷамъиятӣ дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон озмун эълон мекунад (Созишномаи ҳамкории № 72011922CA00001).

 

Тавсиф: Ҳадафи Лоиҳа пешбурди қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок, барои баланд бардоштани сатҳи ташхиси барвақтии бемории сил, қатъ кардани давраи интиқоли сироятӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба табобати ҳамаи шаклҳои беморӣ ва баланд бардоштани шифоёбӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мӯҳлати фаъолият: 1 апрел – 30 сентябри соли 2024

Минтақаҳои фаъолият: ноҳияҳои вилояти Хатлон

 

ноҳияҳо

шумораи кормандон

Ҷайхун

2

Панҷ

2

 

Тавсифи ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

 

  • Ҳамкории зич бо кормандони се зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла:

-        эпидемиологи Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия;

-        табибони оилавии Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия;

-        силшиносони ноҳия.

  • Кӯмакрасонӣ ба фаъолияти кормандони зерсохторҳои болозикршуда барои:

-        баланд бардоштани сатҳи ташхиси барвақтии сил;

-        беҳтар кардани дастрасӣ ба табобат;

-        пурзӯрсозии табобати пешгирикунандаи бемории сил ба алоқамандони беморон;

-        кӯмакрасонии иҷтимоии беморони гирифтори ҳама шаклҳои бемории сил барои риояи реҷаи табобатӣ.

  • Самаранокии фаъолияти корманди тандурустии ҷамъиятӣ аз рӯи нишондодҳои зерин баҳо дода мешавад:

-        шумораи аҳолие, ки бо машваратҳо дар бораи бемории сил фаро гирифта шудаанд;

-        шумораи шахсоне, ки бо истифода аз саволномаи хаттӣ оид ба аломатҳои бемории сил муоина шудаанд;

-        шумораи нафароне, ки бо санҷиши рақамии рентгенӣ фаро гирифта шудаанд;

-        шумораи шахсони равонашуда барои ҷамъоварии балғам ва санҷиши GeneXpert;

-        шумораи ҳолатҳои нави бемории сил, ки бо кӯшиши корманди тандурустии ҷамъиятӣ бо бемории сил ташхис шудаанд;

-        шумораи ва фоизи алоқамандони шахсони гирифтори бемории сил, ки бо табобати пешгирикунанда фаро гирифта шудаанд;

-        шумораи беморони нав ошкоршудаи бемории сил, ки дар давоми як моҳи пурра аз санаи оғозёбии табобат зери назорати мустаъқим дорувориҳои зиддисилиро истеъмол кардаанд;

-        шумораи беморони нав ошкоршудаи сил, ки ҳар ҳафта то ба итмом расидани табобат аз ҷониби кормандони тандурустии ҷамъиятӣ хабар гирифта шудаанд;

-        шумораи муроҷиатҳо ба силшиноси масъули табобат, нисбати таъсири номатлуби дорувориҳои зиддисилие, ки бемор истеъмол мекунад;

-        шумораи беморони гирифтори сил, ки аз манбаъҳои дастраси дастгирии иҷтимоӣ маълумот гирифтаанд ва шумораи бемороне, ки аз ин манбаҳо кӯмак гирифтаанд;

 

Ҳисоботдиҳӣ: Корманди тандурусти ҷамъиятӣ бевосита ба мутахассиси лоиҳа ҳисобот медиҳад.

 

Талаботҳои асосӣ ба номзад:

  • сокини маҳаллии ноҳияҳои номбурда будан;
  • соҳиби маълумоти тиббӣ (хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ ё Коллеҷи тиббӣ) будан;
  • донистани хуби забони тоҷикӣ, (забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба инобат гирифта мешавад);
  • доштани малакаҳои асосии кор бо компютер;
  • дорои малакаи хуби муоширатӣ, хушмуомилагӣ, боэҳтиромӣ;
  • нафароне, ки худ бемории силро аз сар гузаронида аз он комилан шифо ёфтаанд, инчунин метавонанд номзадии худро барои ин вазифа пешкаш намоянд.

Номзадҳо метавонанд ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё ба идораи Намояндагии ТҶҶ “Афиф” дар вилояти Хатлон, ш. Бохтар, кӯчаи Сино, бинои 20, утоқи 11, ариза ва тарҷумаи ҳоли худро ирсол намоянд.

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ариза ва тарҷумаи ҳол 17 марти соли 2024 то соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Танҳо номзадҳои ба рӯйхати пешакӣ воридшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Телефон барои маълумот: +992 93 701 35 00




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.