Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

Салом! Муддати 2-моҳ шуд ки ман анализи гепатити С ва В супоридам ва бадан ба ман гуфтанд ки шумо гепатити В доред ва бовар накардам хавотир шудам бади 2-руз рафта боз гепатити В ро анализ супоридам боз ба ман гуфтанд ки шумо гепатити В доред ва аз бай чанд рӯз гузашт дар дилам намонд боз рафта супоридам ба ман гуфтанд ки ҷавобаш манфи (-) баромад ман гуфтам ки чаро ду маротиба супоридам гуфтед ки гепатити В доред ҳоло бошад мегуед не мисестра ба ман гуфт ки чунин хатогиҳо мешавад шумо гепатит надоред, ман чи кор кунам ки пурра донам ки ман гепатити В дорам ё не, то хол хавотирам?

Салом!

Таҳлили якуми хун барои гепатитҳо дар бисёр холатҳо мусбат нишон медиҳад, ки метавонад баъди 1-2 ҳафта хулосаи манфи барояд. Инро хулосаҳоро мусбатинопурра (ложноположительные) меноманд. Ин холатҳо дар хомиладорон, дар шахсони гирифтори бемориҳои хун, дигар бемориҳои вируси, бемориҳои системаи хозима ва дигар бемориҳое, ки ба норасоии масунияти одам вобастааст, мушоҳида мешавад. Барои аниқ кардани ташхис Шумо бояд тахлили хун барои ПЦР-ДНК HBsAg супоред.

Бо эҳтиром,

Турахон Шарипов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.08.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.71TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov