Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ

Салом! Муддати 3-сол дар Русия будам бар хона баргаштам, хостам хонадор шавам ва чи тавре ки маълум аст мувофиқи қонунҳои ҶТ ҳангоми хонадор шудан бояд як катор ташхисҳоро гузаред, ҳангоми гузаштани ташхисҳо маълум шуд ки гирифтори ВНМО астам, магар ман дигар ҳуқуқи оиладор шуданро надорам?

Салом!

Албатта Шумо пеш аз бастани ақди никоҳ бояд аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаред. Новобаста аз оне, ки шумо гирифтори ВНМО мебошед Шумо ҳуқуқи барпо кардани оиларо доред. Муҳим он ки ҳамсаратон оиди ин масъала хабар дошта бошад ва албатта розӣ бошад. Бояд дар назар доред, ки ҳангоми пинҳон намудан ва шахси дигарро бо ВНМО гирифтор намудан, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Бо эҳтиром,

Нигина Хоҷиматова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.12.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.64TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov