Хуш омадед ба сомонаи www.afew.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Ман бо як зани фоҳиша алоқаи ҷинсӣ кардам. Вай фарбеҳи тоза, сафед метобид. Дар вақти алоқа рифола дарид. Ман дарав навашро пӯшидам. Аммо баъди алоқа ман ба фикр афтидам, рӯҳафтода шудам. Баъд аз як рӯз ман худро бемадор ҳис кардам, сардард шудам. Ман фаҳмидам, ки бемории ВНМОро дар вақти кӯтоҳ муайян карда намешудааст. Аҳли оилаам ба касалии зуком гирифтор шуданд ва ман низ аз онҳо сироят ёфтам. Пеш аз ба бемории зуком гирифтор шудан, ман бо хӯрокам қаланфури тезро истеъмол карда будам. Дар рӯзи дигар дар рӯй ва дастонам чизе ҳамчун гармича баромад, лекин на он қадар бисёр не, тақрибан 20 донача. 15-ум рӯз аст, ки сулфа намекунам, аммо каме гулӯям дард мекунад, сурхакчаҳо якташ нест шавад наваш пайдо мешавад. Ман хеле ғамгинам, худро хуб ҳис намекунам. Фикр мекунам, ки ҳарорати баданам баланд мешавад, 15 рӯз мешавад, ки ҳарорати баданамро чен мекунам, лекин 36,5 - 36,7 дараҷа дорам. Дар забонам қабати сафед ҳамеша буд ва то ҳол ҳаст. Дар назди гӯшам бошад варамии хурдакак дар даруни пӯст пайдо шуд, он қадар маълум нест, вале вақте, ки бо ангуштон мекобам , чизе меҷунбад, ҳамчун як нахутак дар тарафи рости гӯшам. Аммо ба назари одам намеафтад.

Салом!

Дар ҳақиқат аз руи намуди зоҳирии инсон пай бурдан намешавад, ки у ВНМО дорад ё не. Нишонаҳои номбаршуда ба зуком бисертар монанди доранд. Барои маълумоти зиёдтар оиди нишонаҳоятон ба духтури минтақавии худ муроҷиат намоед. Барои будан ва набудани ВНМО метавонед таҳлил супоред, ва дар мавриди манфи будани ҷавоби он, тақроран баъди 2-3 моҳ боз як бори дигар супоред. Инчунин, гуфтан зарур аст, ки пеш аз муҳлат асабони шудан дуруст нест, чунки маълум нест, ки он ҳамхобаатон гирифтори ин вирус буд ё не. Агар гирифтор бошад, пас на дар ҳама ҳолат вирус мегузарад, яъне умеди гирифтор нашудан ба вирус дар ҳама маврид вуҷуд дорад. Аз ин лихоз, то аниқ намудани ташхис, ба хар гуна фикрҳои нодуруст роҳ додан даркор нест ва доимо ба хуби умед бастан лозим аст. Дар оянда, ба чунин ҳолати ба амаломада, роҳ надиҳед ва худро эҳтиёт намоед.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.08.2018
USDUSD9.42TJSTJS
EUREUR10.71TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS
© 2013 - 2018 СФШҒ-Тоҷикистон"
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afew.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. СФШҒ- Тоҷикистон, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afew.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov