Салом!
Бемории ВНМО (ВИЧ) ва гепатитҳои вируси аз якдигар оиди нишонаҳои клиники фарқ доранд, аз ин лиҳоз ба саволи Шумо як хел ҷавоб додан ғайриимкон аст. Нишонаҳо дар мисоли бемории ВНМО вобаста аз масунияти одам мебошад, яъне чи кадаре масуният паст шавад, ҳамон кадар бемориҳои вазнин авҷ мегиранд, аз ҷумла бемории сил, бемориҳои замбуруғи, ситомегаловирус, токсоплазмоз ва ғайра. Ҳамаи ин бемориҳо нишонаҳои ҳоси худро доранд. Дар мисоли гепатитҳои вируси бошад, аз он лиҳозе, ки ин вирусҳо танҳо ба ҷигари инсон таъсир мерасонад, пас нишонаҳо низ вобаста ба ҷигар мебошанд. Окибатҳои бади гепатитҳои вируси ин сиррози ҷигар ва саратони ҷигар мебошанд, ки нишонаҳои аниқи ҳоси худро доранд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов